ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Варзишгарони тоҷик соҳиби ду медали медали биринҷӣ гардиданд

Апрель 29, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаҳо дар Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, ки 26 апрел дар шаҳри Самарқанди Узбекистон шуруъ шуд, идома доранд.  Дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон хабар доданд.

28 апрел — байни наврасони то 18-сола ва ҷавонони то 23-сола варзишгаронамон дар каноэи дунафара (С-2) ба масофаи 200м (Рустамов Умар ва Раҷабов Муҳаммадӣ) ва дар каноэи дунафара (С-2) дар масофаи 1000м (Бобоҷонов Бобоҷон ва Бобоҷонов Амирҷон) сазовори ҷойи сеюм гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ варзишгарони Тоҷикистон дар сабқати каноэи чорнафарӣ (С-4) дар масофаи 500 метр байни ҷавонони то 18-сола сазовори медали биринҷӣ шуданд.

Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни  ҷавонони то 18 ва то 23-сола ва пара-каноэ, ки 26 апрел дар шаҳри Самарқанди Узбекистон оғоз шуд, то 30 апрел идома меёбад.

Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон 26 варзишгарро ба ин мусобиқа равон намудааст.

АКС: Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон

Апрель 29, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд