«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон шуданд

Апрель 28, 2023 16:42

ДУШАНБЕ, 28.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонону меҳмонони манотиқи гуногуни ҷумҳуриро 27 апрел дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон истиқбол намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Меҳмононро роҳбарияти шаҳр пешвоз гирифт ва онҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ гулчанбар гузоштанд. Сипас ҷавонон дар барномаи фарҳангии «Шоми ҷавонӣ» иштирок намуданд.

28 апрел ҷавононро роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар шаҳри Гулистон ҷавонон дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конференсияи мазкур дар доираи ташаббусҳои таърихиву ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об буда, таъкид карда шуд, ки дастгириву пешниҳоди Тоҷикистон ва қабули нуҳ қатънома дар ду даҳсола аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нишонаи эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон аст.

Ҳадаф аз баргузории конференсия- мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба мебошад.

Меҳмонон баъди ҳамоиш аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Гулистон дидан карда, бо ҷараёни кор дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» шинос мегарданд. Ҳамзамон дар барномаи фарҳангии «Шоми ҷавонӣ», ки дар тарабхонаи боғи Темурмалики шаҳри Гулистон баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Дар идомаи меҳмонӣ иштирокдороне, ки бори аввал ба вилояти Суғд омада буданд, барои чунин иқдом ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меорад, ки аз мавзеъҳои таърихии мамлакат дидан намуда, дар ин баробар бо ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намоянд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 26 то 30 апрел аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштиҷ, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд меҳмонӣ доир мегардад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2023 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад