Дар доираи СҲШ ҷаласаи роҳбарони муассисаҳои наҷотдиҳӣ доир гардид

Апрель 24, 2023 11:30

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  20 апрел дар Деҳлии Нав ҷаласаи роҳбарони бахшҳои  давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба огоҳонӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Дар ин  хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Сулаймон Исозода, инчунин сардорон ва муовинони роҳбарони идораҳо, давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба огоҳонӣ ва рафъи вазъияти фавқулода, намояндагони намояндагиҳои дипломатии мустақар дар Деҳлии нав иштирок доштанд.

Зимни ҷаласа намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода оид ба ҳамкорӣ дар самти огоҳонӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар доираи СҲШ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, инчунин саҳми Ҳукумати мамлакат доир ба расонидани ёрӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида маъруза намуд.

Илова бар ин  муовини Раиси Кумита бо роҳбарони раёсатҳои наҷотдиҳии Ҳиндустон ва Чин вохӯрӣ доир намуд, ки зимни он оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар доираи СҲШ табодули афкор  карда шуд.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 24, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад