Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байнидоравии танзими равандҳои муҳоҷират баргузор шуд

Апрель 4, 2023 10:33

ДУШАНБЕ, 04.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи байнидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботу пешниҳоди намояндагони вазорату идораҳо ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои рӯзнома шунида шуд.

Дар ҷаласа  муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №4/43-26 аз 30 сентябри соли 2022  гузориш дод.

Ҳамзамон вобаста ба масъалаи дигари рӯзнома гузоришҳои намояндагони кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила,   кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ шунида шуданд.

Дар охири кори ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ  байни муҳоҷирон супоришҳои мушаххас  дода шуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2023 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд