Дар Душанбе бо намояндагони Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар шаҳри Душанбе Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо таҳти роҳбарии хонум Аззопарди Маскат вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.
Ҳадаф аз ташрифи миссияи Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо ба Тоҷикистон- ин дастгирии таҳкими низоми тандурустӣ, бахусус бо таваҷҷуҳ ба идоракунии қувваи кории соҳаи тандурустӣ, ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ, рушди КАТС, беҳтар намудани тавонбахшии маъюбон, истифодаи технологияҳои ёрирасон ва рақамикунонии соҳа дар мамлакат мебошад.
Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус дода, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим меандешад.
Ҳамзамон 26 апрел дар доираи ҳамкории Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зимни амалинамоии лоиҳаи «Равзанаи ягона» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он барои солҳои 2022 – 2023 меҳмонон аз намоиши дастгоҳҳои ёрирасон барои маъюбон дидан намуданд.
Намоиши дастгоҳҳои ёрирасон дар Муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Рӯдакӣ доир шуда, дар кори он ба як зумра маъюбони ноҳия воситаҳои тавонбахшии техникии маъюбӣ тақдим карда шуд.
Мавриди ёдоварист, ки ноҳияи Рӯдакӣ яке аз минтақаҳои таҷрибавии татбиқи лоиҳаи мазкур мебошад. Мақсад аз ҷудо намудани миқдори муайяни воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба ноҳияи мазкур- ин гузаронидани мониторинги дастрасии маъюбон ва шаҳрвандон ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба шумор меравад.
Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини табақаи маъюби мамлакат бо дастгоҳҳои ёрирасон дар миқёси ҷумҳурӣ мунтазам корвони хизматрасонии тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасон ва муоинаи беморон гузаронида мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд
Соҳибкорзанони Тоҷикистон лоиҳаҳои худро дар намоишгоҳи «WomenCup–2025» муаррифӣ намуданд
Масъалаи таҳкими ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Кабк дар Тоҷикистон «Парандаи соли – 2026» интихоб гардид
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!
Доир ба афзалияти татбиқи манфиатҳои муҳими Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Хатлон қариб 2 тонна маводи тиббӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд
Оид ба нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ гурӯҳи ҷавонони синни даъватӣ даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2025». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе беш аз 40 далели аз меъёри муқарраргардида гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гӯштӣ ошкор карда шуд






