Дар Душанбе масъалаи имзои Ёддошти тафоҳум дар самти истеҳсолоти иҷро байни Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел мулоқоти дуҷонибаи Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода бо котиби генералии Шӯрои миллии иҷрочиёни суди Ҷумҳурии Молдова хонум Оксана Новиков ва Роҳбари лоиҳаи «Дастгирии давлатдории ҳуқуқбунёд дар Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Тэнассе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти мазкур хабар доданд.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи байни ду мақомот, аз ҷумла тақвияти ҷараёни ба имзо расонидани «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии иҷрочиёни суди Ҷумҳурии Молдова дар самти истеҳсолоти иҷро» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар идома вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байниидоравиро дар доираи ин санади ҳамкории муштарак боз ҳам густариш диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 5 апрели соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 3 ноябри соли 2022 ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардид, ки тибқи он 5 апрел Рӯзи кормандони мақомоти иҷро муайян карда шуд.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






