Дар Душанбе Симпозиуми 10-уми минтақавӣ оид ба масоили табобати сил доир мешавад
ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 май дар Душанбе Симпозиуми 10-уми минтақавӣ таҳти унвони «Пешрафти илмӣ: ҳалли мушкилоти бемории сили ба доруҳо устувор дар дасти худи мо аст» оид ба масъалаҳои табобати бемории сил дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Симпозиуми илмию амалии тиббӣ оид ба масъалаҳои табобати бемории сил дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Ташкилоти байналмилалии тиббии башардӯстонаи «Духтурон бидуни марз» баргузор мешавад.
Тавре хабар доданд, қаблан чунин симпозиумҳо дар шаҳрҳои Киев (2020), Тошканд (2011, 2019), Бишкек (2012, 2018), Тбилиси (2016), Ереван (2015), Минск (2017) баргузор шуда буд. Шаҳри Душанбе соли 2013 бори нахуст мизбони ҳамин гуна симпозиум шуда буд.
Дар ин ҳамоиши илмию амалӣ, чун анъана, коршиносони варзидаи соҳаи ташхис, табобат, пешгирии бемории сил, таъминоти доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои минтақаҳои баёншуда, «Духтурон бидуни марз», Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи глобалӣ, ташкилоти шарик, яъне марказҳои миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
Ба шаҳри Душанбе намояндагони кишварҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ: Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Украина ва инчунин иштирокчиён аз Афғонистон, Ҳиндустон ва Лубнон меоянд.
Солҳои охир дар соҳаи муолиҷаи бемории сили ба доруҳо устувор пешравии зиёд ба амал омадааст. Мутахассисон дар мубориза бо ин беморӣ доруҳои муосир истеҳсол ва санадҳои реҷаҳои табобати кӯтоҳмуддат таҳия кардаанд. Илова бар ин, протоколҳои нав муолиҷаи беморонро бе истифодаи сӯзандору дар бар гирифтаанд, ки истифодаи амалии реҷаҳои табобатӣ (аз ҷумла, барои беморони дар минтақаҳои аз клиникаҳои тиббии муҷаҳҳаз дур қарордошта)-ро хеле осон мекунад. Дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти клиникии байналмилалии ТВ PRACTECAL, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2022 истифода кардани реҷаи табобатии кӯтоҳмуддати BPaLM (бедаквилин-претоманид-линезолид-москифлоксатсин)-ро барои татбиқи саросарӣ тавсия додааст. Мақсади асосии симпозиум — аз муҳокима кардани рафти татбиқи ин протокол (реҷаи табобатӣ) ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт иборат мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокчиёни конфронс масъалаҳои амалияи ҷорӣ намудани реҷаҳои нави табобати кӯтоҳмуддати аз ҷониби СУТ тавсияшуда, барои бемории сили ба доруҳо устуворгашта, ташхис ва табобати бемории сили ба доруҳо устувор дар байни кӯдакон, равиш ва муносибати ба беморон тамаркуз шуда дар табобати бемории сил, консепсия ва ташкили барномаҳои табобати бемории сил дар доираи лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил», муоина ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ (маҳбасҳо), таъмини доруворӣ ва дастрасӣ ба ташхиси бемории силро баррасӣ менамоянд.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад






