Дар Душанбе вохӯрии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Олтойи Федератсияи Русия доир мегардад
ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар шаҳри Душанбе вохӯрии дуҷониба (B2B) байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Олтойи Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳайати тиҷоратии вилояти Олтой 6 ширкату корхонаи калону миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имконияти соҳибкориву сармоягузории мамлакат ва пайдо намудани шарикони ҳамкор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.
Ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои истеҳсоли шинаҳо ва камераҳо барои мошинҳои сабукрав ва боркаш, агрегатҳои маҳлул барои тайёр кардани нуриҳои комплексӣ, маҳсулоти косметикӣ, хизматрасонии логистикӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан (оби гандум, квас, лимонад, оби минералӣ ва нӯшокиҳои бе газ), маҳсулоти экологӣ ва кишоварзӣ фаъолият мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






