Дар Хадамоти иҷро масъалаи татбиқи феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва мушкилоти он баррасӣ гардид

Апрель 6, 2023 17:19

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Татбиқи феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва проблемаҳои он» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ, прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти мазкур хабар доданд.

Гуфта шуд, ки Хадамот вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказии давлатӣ, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва инкишофи шабакаи ягонаи табодули ҳуҷҷат ва иттилоот байни мақомоти давлатӣ, амалигардонии самараноки консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбир андешида истодааст. Аз ҷумла, дар сохтори Хадамот шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст.

Дар ин замина иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон  дар ин давра 7151 шахси воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шуд.

Тазаккур дода шуд, ки бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба  9 343 қарздор маҳдудият гузошта шудааст. Амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 1 192 нафар қарздор сарҳадҳои мамлакатро убур карда натавониста, маблағҳои қарзиро ба андозаи зиёда аз 9,4 млн сомонӣ пардохт намуданд.

Ба гуфтаи роҳбарият, ба ин восита иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъмин гардида, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағҳо ситонида мешаванд.

Иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба мавзуи баррасишаванда, мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он сухан гуфта, таклифу пешниҳодҳо намуданд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2023 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид