Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
МУЪМИНОБОД, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел бахшида ба Рӯзи даъватшаванда дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Муъминобод ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар он роҳбарияти ноҳияи Муъминобод, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва волидайни ҷавонони навдаъват иштирок намуданд.
Даъватшудагон ҳамроҳ бо волидонашон бо руҳияи тоза ва ҳисси баланди ватандӯстӣ вориди комиссариати ҳарбӣ гардиданд.
Роҳбарияти ноҳия ҳамагонро бо Рӯзи даъватшаванда, ки рамзи хизмати содиқона ва ҷавонмардона бар Ватан аст, табрик гуфта, ба волидоне, ки писаронашон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд, изҳори сипос намуд.


Изҳор гардид, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавони тоҷик буда, вазифадоранд, ки марзу бум ва сарзамини муқаддаси худро бебокона ҳимоя намоянд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ба наваскарон сарулибоси варзишӣ, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия ба 12 даъватшаванда шаҳодатномаи ронандагӣ ва аз ҷониби роҳбарияти ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар анҷоми ҳамоиш падару модарон фарзандонашонро бо дуои нек ба қисмҳои низомӣ гусел намуданд.
АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






