Дар ноҳияи Тоҷикобод фестивали «Сад ранги чакан» доир гардид

Апрель 11, 2023 15:06

ТОҶИКОБОД, 11.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар сатҳи баланд ва  бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур бо мақсади иҷрои “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023  тасдиқ шудааст, гузаронида шуд.

Созмондиҳандаи ин барномаи  бошукуҳи фарҳангӣ  масъулини ноҳияи Тоҷикобод буда, эҳтирому арҷгузорӣ  ба мероси пурғановати таърихию  фарҳангии миллати тоҷик  дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон- чакан ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии  башарият аз ҳадафҳои асосии барномаи фарҳангӣ –фароғатӣ ба шумор меравад.

Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон гардида, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, тарғиби ҳунару либоси миллӣ, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо намуда, сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Апрель 11, 2023 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад