Дар се моҳи соли равон дар Суғд зиёда аз 7 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат аз муомилот бароварда шуд

Апрель 3, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми моҳҳои  январ — марти соли равон дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд зиёда аз 7 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва инчунин бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ба фурӯш гузошта шуда буд, ки аз ҷониби марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Ба таъкиди мутахассисони марказ, ҳарчанд дар ин самт назорат пурзӯр ва корҳои фаҳмондадиҳӣ низ пайваста ба роҳ монда шавад ҳам, иддае аз тоҷирону соҳибкорон бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амал намуда, дар баъзе маврид маводи ғизоӣ, аз қабили гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, равғани растанӣ, маҳсулоти қаннодӣ, хӯришҳои кансервагӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, обҳои ташнагишикан, орд, намак ва тухму гӯшти парандаро, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат надоранд, дар бозору мағозаҳо ва марказҳои савдою тиҷорат ба харидорон пешниҳод мекунанд.

Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд барои ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ назоратро пурзӯр ва пайваста тадбирҳоеро амалӣ мекунанд, ки ба сиҳатии омма равона шудааст. Аз ҷумла, ҳолати маҳсулот дар 4 таҳлилгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд мавриди ташхис қарор мегирад. Дар ин самт ҳамзамон дар 16 шаҳру ноҳияи вилоят ташхисгоҳҳои замонавӣ фаъолият доранд.

Ба гуфти мутахассисон, вақти ташхис дар баъзе маврид ҳолатҳое ошкор карда мешаванд, ки маҳсулоти воридшуда сифати паст дошта, истеъмолаш метавонад боиси пайдо шудани бемориҳои гуногун гардад. Аз ин лиҳоз, аз соҳибкорон талаб карда мешавад, ки саломатии сокинонро аз манфиати хеш боло дониста, ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Ҳамчунин аз соҳибкорон ва шахсони масъули марказҳои савдою тиҷорат талаб карда мешавад, ки дар вақти фурӯши маводи ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти зудвайроншаванда талаботу меъёрҳои муқарраршударо комилан риоя намоянд.

Сокинон низ дар вақти рӯ ба рӯ шудан ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла фурӯши маҳсулот дар шароити ғайрисанитарӣ бояд ниҳодҳои дахлдорро сари вақт огоҳ намоянд. Зеро амалҳои муштарак ба манфиати ҷомеа буда, бо ин роҳ метавон солимии аҳолиро ҳифз кард.

АКС: Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд

Апрель 3, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид