Дар шаҳри Кӯлоб бо намояндагони ҶДММ «ПЭК»-и Федератсияи Русия мулоқот доир карда шуд

Апрель 8, 2023 16:28

КӮЛОБ, 08.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо намояндагони ҶДММ «ПЭК»-шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷиҳати ба кор ҷалб намудани сокинон мулоқот доир гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Бояд тазаккур дод, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Русия 17 апрели соли 2019 ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «ПЭК»-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия 30 январи соли 2019 ба имзо расида буд.

Дар асоси ин созишномаҳо ширкати мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати ба кор ҷалб намудани сокинони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор намуд.

Бояд гуфт, ки ҶДММ «ПЭК» яке аз бузургтарин ширкати логистикии Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, дар минтақаҳои ин давлат зиёда аз 300 филиали он фаъолият менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Апрель 8, 2023 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд