Дар Тоҷикистон Барномаи низоми иттилоотии идоравии назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон фаъол гардид

Апрель 10, 2023 17:39

ДУШАНБЕ, 10.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи  низоми иттилоотии идоравии назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонро фаъол намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ хабар доданд.

Барнома бо мақсади густариши раванди рақамикунонӣ ва осон гардидани кори нозирон дар самти назорати соҳаи шаҳрсозӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар барнома нозирони соҳаи шаҳрсозӣ маълумотро оид ба феҳристи иншооти сохтмонӣ, ворид намудани тамоми маълумоти иншооти сохташаванда дар ҷумҳурӣ, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, ҳолати иҷрои корҳои сохтмонӣ, назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи бинокорӣ ба таври электронӣ дарҷ менамоянд.

Самаранокии фаъолият, бунёди босифати бинову иншоот ва бехатарии ҳаёт аз ҳадафҳои асосии сомонаи электронӣ  мебошад.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2023 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид