Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён чорабинӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар бист соли охир рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 4,8 миллиард сомонии соли 2003 то ба 115,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022-юм баробар гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни баргузории ҷамъомади тантанавӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳм гузошта, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум иштирок менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки рушди иқтисоди мамлакат соли 2022-юм 8 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 15,4 фоиз, кишоварзӣ- 8 фоиз, боркашонӣ- 26,1 фоиз, хизматрасонии пулакӣ- 16 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 11,4 фоиз, гардиши савдо- 11,2 фоиз ва мусофиркашонӣ 11,1 фоиз таъмин гардид.
Дар ҳамоиш ба кормандони фаъоли вазорат барои хизматҳои арзанда ва шоиста ифтихорнома тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар мамлакат 8 апрел Рӯзи иқтисодчиён ҳисобида мешавад.
АКС: Вазорати рушди иқисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






