Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
БОХТАР, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз ёфт. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун хабар додааст.
Аввалин шуда дар вилоят деҳқонони Ҷамоати «Истиқлол»-и ноҳияи Ҷайҳун ба ҷамъоварии пиёз шуруъ карданд.
Бо мақсади таъмини аҳолии Тоҷикистон бо ин маҳсулоти кишоварзӣ ва паст кардани нархи он дар бозори дохилӣ пиёз аллакай ба бозорҳои маҳаллӣ бароварда шудааст.
Вилояти Хатлон яке аз истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони асосии пиёз мебошад. Соли 2022 аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 448 755 тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шуд.
Имсол дар вилоят то имрӯз дар 10 044 гектар пиёз кишт карда шудааст.
Бояд гуфтд, ки соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии Тоҷикистон, тибқи пешгӯӣ, дар майдони 17 156 гектар кишти пиёз гузаронида мешавад, ки 11 261 гектари онро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






