ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар шаҳри Ҳисор 180 даъватшаванда ба сафи Артиши миллӣ гусел карда шуд

Апрель 3, 2023 16:54

ҲИСОР, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ  аз шаҳри Ҳисор 180 нафар ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан ҷалб гардид. Дар ин хусус  хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Ба ифтихори Рӯзи даъватшаванда дар шаҳри Ҳисор  бо иштироки 180 даъватшаванда, сарбозону сокинон ва  донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоат аз назди бинои комиссариат то Кохи фарҳанг тавассути кӯчаҳои Файзулло Абдуллоев ва Тоҷиддин Муҳиддинов зери шиори «Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост» ва таҳти садои карнаю сурнай роҳпаймоӣ доир гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ, ки бо иштироки даъватшавандагону аҳли ҷамоат дар Кохи фарҳанг баргузор гардид, гуфта шуд, ки «ба туфайли ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус дастгириву ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду бош ва хизмати аскарон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар мегардад. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба яке аз ниҳодҳои тавоною қудратманд дар минтақа табдил ёфтааст. Мо бояд аз қаҳрамонию диловариҳои фарзандони баруманди халқамон, чун Шерак, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигар абармардони диловар ифтихор намоем, дар кору амал ба онҳо монанд ва баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодиамон ҳамеша омода бошем».


Ҷавонони шаҳри Ҳисор аз мактаби бузурги ватандӯстии қаҳрамонони миллат сабақ гирифта, ин анъанаи неки ниёгонро идома медиҳанд ва бо масъулияти баланди таърихӣ қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо карда, бо сари баланду рӯи сурх ба назди волидону пайвандони хеш бармегарданд.

Масъулини шаҳр дар ин ҳамоиш ба 115 даъватшавандае, ки курси кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ҷамъияти мададгори мудофиа хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карданд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи ҳунариро пешкаши наваскарон карданд. Рақсу шодии наваскарон ва дӯстону волидонашон маъракаи Рӯзи даъватшавандаро рангину хотирмон гардонид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 3, 2023 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид