Федератсияи ҷудои Тоҷикистон намояндаи расмии худро дар Москва таъйин намуд

Апрель 10, 2023 17:01

ДУШАНБЕ, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев аз рушди имрӯзаи варзиши ҷудо дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки «бо чунин роҳбаре, чун Исмоил Маҳмадзоир, мо ба натиҷаҳои баландтарин ноил хоҳем шуд».

Ба саволи хабарнигор дар бораи он ки «Шумо дар мавриди Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон  Исмоил Маҳмадзоир чӣ назар доред?» ӯ чунин гуфт:

«Ман хеле шодам ва ифтихор дорам, ки Исмоил Маҳмадзоир Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд. Исмоил Маҳмадзоир роҳбари беҳтарин аст, шароитро хуб эҳсос намуда, аз рӯйи адолат қарор қабул мекунад. Вай шахси комилан ошкор аст ва  нисбаташ танҳо назари мусбат дорам.

Дарвоқеъ, ба Федератсия имрӯз мутахассисони варзида ҷалб шудаанд, ки вазъиятро хуб дарк мекунанд ва барои пешрафти ҷудои мамлакат кӯшиш менамоянд.

Тавре дар чемпионати ҷудо шоҳид шудем, барои мақоми аввал 15000 сомонӣ туҳфа дода шуд, ки бори аввал буд ва ҳеч гоҳ дар чемпионати ҷумҳурӣ туҳфаи пулӣ намедоданд.

Мураббиҳои варзида аз Ҷопон аллакай омаданд. Имрӯз на танҳо паҳлавонони рақами як, балки дуюму сеюм низ имкон пайдо кардаанд, ки аз ҳисоби Федератсия дар берун аз мамлакат дар мусобиқаҳо иштирок кунанд, ки беҳтарин ва бузургтарин тағйирот мебошад.

Паҳлавонҳо аз ҷиҳати молӣ мушкилӣ надоранд ва имконияту шароити хуби тамринӣ барояшон омода карда шудааст, то ки номи Ватани моро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд. Ин ҳама талошҳои роҳбарияти Федератсия барои обрӯи мамлакатамон мебошад, ки қобили таҳсин аст.

Боварӣ дорам, ки бо чунин роҳбар мо ба натиҷаҳои баландтарин ноил мешавем».

Расул Боқиев ҳамчунин  иброз доштааст, ки «тағйирот дар роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, баргузории Чемпионати ҷумҳуриявӣ дар сатҳи олӣ  ва баргузори Гран Прии  Душанбе 2023 бароям аз фараҳбахштарин хабарҳои имсола мебошанд.

Изҳори миннатдорӣ менамоям, ки ба ман бовар карда, маро намояндаи расмии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар шаҳри Москва таъйин карданд. Ин ҷо ҷавонон ва наврасонро тарбия намуда, ба мусобиқаҳои оянда омода менамоем, то номбардори Ватанамон шаванд», — гуфт Расул Боқиев.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Апрель 10, 2023 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд