«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Хоруғ ҳамоиш доир шуд
ХОРУҒ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори варзишии наздимактабии №5 шаҳри Хоруғ бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Футбол ба назди шумо меояд» бо иштироки футболбозони наврас ва мураббиён ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Футбол яке бозиҳои дӯстдоштании кӯдакону наврасон аст ва аз ин рӯ онҳо дар мусобиқаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва дигар чорабиниҳои марбут ба ин намуди варзиш бо шавқи беандоза иштирок мекунанд. Дар ҳамоиши навбатӣ, ки «Футбол ба назди шумо меояд» унвон дошт, теъдоди зиёди кӯдакону наврасон ҳамроҳи мураббиёнашон иштирок намуданд. Ин ҳамоиш бо ибтикори Лигаи футболи наврасону кӯдакони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ва дастгирии ширкати Тселл баргузор гардида, пас аз бозии дӯстона ба футболбозони навраси шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва Рӯшон тӯбу тӯрҳои дарвозаи футбол такдим карда шуд.
Роҳбари бошгоҳи дӯстдорони футболи ноҳияи Ишкошим Ҳақназар Собир иброз дошт, ки «давоми чанд соли охир ба дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ин намуди варзиш хеле рушд ёфтааст. Пайваста баргузор кардани мусобиқаҳои футбол, машваратҳои назариявию амалӣ барои мураббиён, таъмин бо лавозимоти варзишӣ ва афзоиши бесобиқаи шумораи майдончаҳои футбол дар шаҳру ноҳияи вилоят теъдоди ҳаводорони ин намуди зебои варзишро сол аз сол бештар мегардонад».
Раиси Федератсияи футболи вилоят Аноятшо Аноятшоев гуфт, ки «ҳоло дар ҳудуди вилоят 10 дастаи писарона ва се дастаи духтаронаи футбол амал мекунад. Дастаи мунтахаби наврасон ду сол пай дар пай дар мусобикаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар мақоми ифтихорӣ ҷой гирифт. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқа байни наврасон идома ёфта, дастаи ғолиб ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи июн дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат мегирад».
Бино ба иттилои манбаъ, 27 мураббии дорои дараҷаи С ва 3 мураббии дорои дараҷаи В футболбозони наврасро ба мусобиқаҳои маҳаллӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ омода мекунанд.
АКС: АМИТ«Ховар»








Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид






