«ФУТБОЛ ДАР МАКТАБ». Фестивали футбол барои духтарон дар дораи ин лоиҳа ба роҳ монда шуд

Апрель 10, 2023 08:23

ДУШАНБЕ, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таълимии давлатии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар доираи лоиҳаи «Футбол дар мактаб» фестивал баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳ монда  мешавад.

Дар  маросими  ифтитоҳи Фестивал ҳудуди 100 духтари Литсейи рақами 3-и Душанбе иштирок кард. Дар доираи лоиҳаи «Футбол дар мактаб» дар муассисаи таълимии мазкур мусобиқа байни хонандагони литсей доир карда мешавад.

Қаблан лоиҳаи «Футбол дар мактаб» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и Шаҳринав, мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе, мактаби миёнаи русӣ-тоҷикии ба номи Михаил Ломоносови шаҳри Бохтар, инчунин муассисаҳои таълимии миёнаи ноҳияи Носири Хусрав ташкил шуда буд.

Мақсади асосии фестивал оммавигардонии футбол байни наврасон ва ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 10, 2023 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд