ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА. Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов ба кормандони касбу кори гуногун дар шаҳри Душанбе кумаки моддӣ расонид

Апрель 3, 2023 18:27

ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба беш аз 950 корманди касбу кори гуногун, оилаҳои сарҳадбонон ва бошандагони хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Душанбе кумаки моддӣ расонида, барои 350 нафар дастархони идона орост. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ҶДММ «Сарманзил» иттилоъ доданд.

Кумак аз маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва макарон иборат буд.

Аз ҷумла дар доираи ин иқдом 200 корманди Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе аз кумаки мазкур бархӯрдор гардиданд.

 

Чунин кумак ба 70 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе низ расонида шуд.

 

Аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамчунин ба 85 оилаи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ кумаки моддӣ тақдим гардид.

 

Инчунин ба 66 корманди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и шаҳри Душанбе кумаки моддӣ расонида шуд.

 

Ҳамзамон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб» барои 250 нафар дастархон ороста шуда, ба 300 корманди ин муассиса кумак тақдим гардид. Инчунин ба 1 зан-корманди ин муассиса, ки маъюбу бесарпаноҳ мебошад ва давоми 17 сол дар ин ҷо фаъолият дорад, аз ҷониби соҳибкор хонаи истиқоматӣ дода мешавад.

 

Дар Хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Душанбе соҳибкор 100 бошандаи ин муассисаро сари дастархони идона ҷамъ оварда, ба 100 корманди он кумаки моддӣ расонид. Илова бар ин, ба Хонаи пиронсолон ва маъюбон 6 телевизор, 20 дарзмол, 10 миз барои дарзмолкунӣ ва 10 соати деворӣ туҳфа карда шуд.

 

Ҳамчунин ба 136 корманди Беморхонаи клиники ёрии таъҷилии тиббӣ барои хизматҳои шабонарӯзӣ ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ кумак тақдим гардид.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 3, 2023 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад