«ИЛМ–АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Апрель 28, 2023 10:23

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар доираи Ҳафтаи илм ба муносибати Рӯзи илми тоҷик дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти унвони «Илм – асоси рушди инноватсионӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣамалӣ баргузор  гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърузаҳо дар мавзуъҳои «Ҳифзи пиряхҳо ва проблемаҳои захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Зеҳни сунъӣ: хатаровар ё ёрирасони инсон?», «Саҳми Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ва ғайра пешниҳод гардид.

Маводи мақолаҳои конференсия оид ба самтҳои гуногуни конференсия дар доираи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ гирд оварда шудааст.


Мақолаҳо ба 6 бахш (11 самт) тақсим шудаанд, ки аз “Энергетика ва иқтисод”, “Технологияи кимиё ва металлургия, мошинсозӣ, маводшиносӣ ва технологияи мавод”, “Сохтмон ва меъморӣ”, “Технологияи иттилоотӣ ва илмҳои бунёдӣ”, “ Нақлиёт ва сохтмони нақлиётӣ», «Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, экология ва идоракунии сифати таълими муҳандисӣ» иборатанд. Дар маҷмуа натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва амалии олимону муҳаққиқон оварда шудааст.

Дар охир омӯзгороне, ки дар омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ,  кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо сипоснома ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

 АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Апрель 28, 2023 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд