ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул шудааст
ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 апрел- Рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1970 Конвенсияи таъсиси Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (World Intellectual Property Organization, WIPO) эътибор пайдо кард. Ин муассисаи махсуси СММ мебошад, ки фаъолияташ ба рушд ва дастрасӣ ба низоми байналмилалии моликияти зеҳнӣ равона карда шудааст. Дар баробари ин ихтироъкорони тоҷик низ ин санаро бо дастоварду пешравиҳои чашмрас пешвоз мегиранд.
Тавре дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар даврони истиқлоли давлатӣ 19 ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 9 нафар соҳиби медали тиллои ба номи В. Блинникови Идораи патентии авруосиёӣ «Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ» ва 26 ихтироъкори ҷумҳурӣ соҳиби «Нишони фахрӣ»-и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Соли равон Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январ Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон-муҳаррики инноватсия» эълон намудааст, ки ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ идома дорад.
Мақсади асосии баргузор намудани озмун- дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманди дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ ва ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу рағбат дошта мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии мамлакат яке аз роҳҳои рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти ҷумҳуриро рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби нафарони лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа номидаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ якчанд корҳои назаррас ба анҷом расонида, ба дастовардҳои баланд ноил гардидааст. Яке аз шохаҳои бузурги таконбахши рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ дар ҷаҳони муосир тақвиятбахшии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад. Ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 39 созишномаву шартнома ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ гардида, бо Идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.
Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» ва аз 1 июни соли 2021 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд.
Ба гуфтаи масъулини Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини татбиқи афзалияти асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, мақсад ва вазифаҳои ояндаи самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи моликияти зеҳниро муайян намуда, барои рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати шарики баробарҳуқуқ, таъсиси заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба неруи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар даврони истиқлол аз ҷониби Идораи патентии Тоҷикистон 511 патент ба ихтироъ, 104 патент ба намунаи саноатӣ, 1315 нахустпатент ба ихтироъ ва дигар ихтироъкорону соҳибмулкон супорида шудааст. Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби шаҳрвандон-ихтироъкорони ҷумҳурӣ мутобиқи Конвенсияи патентии авруосиёӣ 50 патент ба ихтироъ ба даст оварда шудааст.
Баъди ба даст овардани ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ аз ҷониби ихтироъкор ё дорандаи ҳуҷҷати ҳифозатӣ -шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ ихтироъкор ё дорандаи он дар доираи қонунгузории ҷорӣ метавонад онро ворисӣ намояд, ба каси дигар фурӯшад, ҳадя намояд ё ба таври оммавӣ пешниҳоди ҷомеа гардонад. Мақсади асосии ба даст овардани ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ ба ихтироъ, пеш аз ҳама, дар истеҳсолот татбиқ намудани он ва аз он фоида ба даст овардан аст. Вақте ки ихтироъкор аз як ихтирои худ фоида ба даст меорад, кӯшиш менамояд, ки онро такмил диҳад ё дар тавлиди дигар ихтироъ саҳм гузорад. Албатта, имрӯз ихтироъкорони зиёде ҳастанд, ки пас аз гирифтани ҳуҷҷати ҳифозатӣ дигар барои татбиқи он дар истеҳсолот кӯшиш ба харҷ намедиҳанд ё умуман аз паси он намешаванд. Дар натиҷа ихтироъ дар рӯи коғаз монда, аз он самарае ба даст намеояд. Дар ҳамин замина муассиса бо мақсади пайваст намудани доираи олимони навовар ва ихтироъкори ҷумҳурӣ ва фонду марказҳои махсус, ки фаъолияташон ба дастгирӣ ва ҳавасмандкунии фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ равона карда шудааст, кор мебарад. Дар ин раванд иттилоот оид ба озмунҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои муҳим аз сарчашмаҳои интернетӣ ҷамъоварӣ гардида, ба доираи навоварон ва ихтироъкорони ватанӣ пешниҳод мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки имрӯз дастовардҳои наврасону ҷавонони мо на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, бо ҷоизаҳои олӣ қадрдонӣ карда мешавад.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки бо истифода аз имконияте, ки Ҳукумати мамлакат фароҳам овардааст, муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, ширкатҳои хусусӣ, олимону ихтироъкорон бояд мунтазам бо роҳи татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолот кашфиёту ихтирооти нав анҷом дода, усулҳои инноватсионии техника ва технологияҳои муосирро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷорӣ намоянд, зеро ҷаҳони муосири саноат ва истеҳсолот технологияҳои навтарини замонавӣ талаб менамояд. Дар ин росто, ихтироъкоронро зарур аст, ки ихтирои нав эҷод намоянд, то давлати мо ҳамқадами замона бошад. Эҷоди технологияи муосир ба ихтирооти нав эҳтиёҷ дорад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз