ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Дарвоз аз кишти зироати кунҷиду зағир ҳосили дилхоҳ рӯёнида шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи оқилонаи замин асоси пешбурди зиндагӣ аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки замин боигарии асосии мамлакат буда, ояндаи ҷумҳурӣ ва мардуми Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст.
Бинобар ин, дар заминаи гуфтаҳои Пешвои миллат замин бояд пурсамар истифода гардида, аз ҳар қитъаи он мебояд на кам аз ду-се ҳосил рӯёнида шавад. Мутахассиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Расулзода вобаста ба пурсамар истифода намудани замин ба АМИТ «Ховар» чунин гуфт:
— Тоҷикистон ҷумҳурии аграрӣ-саноатӣ ба шумор рафта, истифодаи ҳар қитъа замин таваҷҷуҳи махсус талаб мекунад ва зарур аст, ки истифодабарандагони замин таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, нисбат ба он ғамхории махсус зоҳир намоянд.
Зимнан, масъалаи истифодаи самараноки қитъаи замин дар ҳар нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи хоссаи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ қарор гирифта, дар доираи он мулоҳизаҳои роҳбарияти Кумитаи давлатӣ тариқи расонаҳои хабарӣ ба нашр мерасад.
Чунончӣ, моҳи феврали соли равон пурсиш доир ба зарфияти ҳосилхезӣ ва кифоягии заминҳои ҷумҳурӣ барои таъминоти аҳолии Тоҷикистон диққати аксари рӯзноманигоронро ҷалб намуда буд.
Дар ин нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ қотеъона посух дод, ки дар мавриди истифодаи босамару мақсадноки қитъаҳои замин замини ҳосилхези Тоҷикистон метавонад миллион нафарро бо маводи ғизоӣ таъмин намояд. Аз ҷумла, раиси Кумитаи давлатӣ ба самарнок истифода нагардидани заминҳои наздиҳавлигӣ ишора намуда, гуфт, ки танҳо истифодаи самараноки ҳамин заминҳо, ки миқдори онҳо дар ҷумҳурӣ зиёда аз 215 200 гектарро ташкил медиҳад, имконияти таъмини садҳо ҳазор нафарро дорад.
Воқеан, чун ба таҷрибаи давлатҳои дигар дар истифодаи замин, масалан ба Ҷумҳурии мардумии Чин назар андозем, мебинем, ки дар ин давлат чӣ гуна ҳар қитъа замин босамар истифода шуда, ҳосили баланд мегиранд.
Умуман, чиниҳое, ки дар Тоҷикистон муваққатан истиқомат доранд, аз заминҳое, ки дар атрофи манзили зисташон мавҷуд аст, ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Яъне, дар сурати доштани хоҳишу завқ метавон аз ҳар қитъа замин се-чор ҳосил ба даст овард.
Дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки яке аз минтақаҳои камзамин маҳсуб шуда, ҳамагӣ 1192 гектар, аз он 510 гектар замини обӣ мавҷуд аст, новобаста ба ҳама мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаи кишоварзӣ сокинони ноҳия ба бунёди боғҳои мевадиҳанда ва кишти зироати ғалладонагӣ вусъат бахшида истодаанд.
Сокини Ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз Ҳайдаршоҳ Акбаров бо вуҷуди пиронсолӣ дар заминҳои камобу ноҳамвори дар ихтиёрдоштааш бори аввал ба тариқи таҷриба зироати зағир ва кунҷид кишт намуда, ҳосили хуб ба даст овард.
Ҳосили гирифта дар он соли камбориши 2021-2022 ва бе истифодаи нуриҳои минераливу пору нишон дод, ки дар мавриди доштани завқи баланду меҳнатдӯстӣ метавонем аҳолии ноҳияро то ҷое бо ин ду навъи маҳсулоти ғизоӣ таъмин намоем.
Бояд гуфт, ки кунҷид дорои мизони 50-65 дарсад равғаннокӣ буда, аз ҳар гектари он метавон 10-12 сентнер ҳосил ба даст овард. Равғани кунҷидро аз лиҳози муфид будани истифодаи он дар ғизо бо равғани зайтун дар як поя қарор медиҳанд. Аз донаи он низ дар навъҳои хӯрокҳо метавон истифода кард.
Кунҷораи кунҷид дорои 8 дарсад равған ва 40 дарсад сафеда буда, 100 килои он баробари 132 воҳиди хӯрокист, ки дар парвариши ҳайвоноти хонагӣ муассир мебошад.
Деҳқони пуртаҷриба ва мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Ҳайдаршоҳ Акбаров мегӯяд, ки «тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ хондам, ки дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки агар захираву имконоти ҷумҳурӣ самаранок истифода шавад, Тоҷикистон метавонад боз миллионҳо нафари дигарро бо хӯроку озуқа таъмин намояд. Воқеан бисёр андешаҳои ҷолиби диққат баён шудаанд, аммо мутаассифона, дар зеҳну хаёли мо то ҳол ақидаҳои нодуруст боқӣ мондаанд, ки гӯё бинобар сабаби зиёда аз 90 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро ташкил намудани кӯҳсор заминҳои ҷумҳурии мо барои қонеъ намудани талаботи мардуми худамон кифоя нест. Не, ин ақидаи нодуруст аст. Мо агар муттаҳид бошем ва ҳар ваҷаб замин – ҳам замини кишоварзӣ, ҳам наздиҳавлигӣ, ҳам лалмӣ, умуман ҳама намудани заминро самаранок истифода барем, метавонем талаботи мардуми худро ба маҳсулоти кишоварзӣ қонеъ намуда, ҳам қисмате аз онро содирот намоем. Албатта, дар назар дорам дар мавриде, ки заминҳоро самаранок истифода намуда, маҳсулоти ба талаботи бозор ҷавобгӯ истеҳсол намоем.
Худ қазоват намоед, дар сарзамине, ки то се ҳосил метавон гирифт (ва мо худ инро таҷриба намудем), магар мешавад ба ноумедӣ роҳ дод? Яке аз дӯстони рӯзноманигор ва донишмандам боре таъкид дошт, ки дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон як деҳқони асили ноҳия давоми сол аз замини наздиҳавлигиаш то панҷ ҳосил мегирифтааст».
Воқеан, андешаҳои таҳрикдиҳандаи ин пири кор ва деҳқони пуртаҷрибаи як минтақаи камзамини ҷумҳурӣ ҳамаи моро бори дигар водор менамояд, ки жарфтар андеша намоем: оё заминҳои дар ихтиёрдоштаамонро самараноку мақсаднок истифода мебарем?
Беҳуда Замин ва Модарро дар як радиф қарор надодаанд, зеро замин низ бароямон чун модар бояд азиз бошад, эҳтироми онро ба ҷо орем, ғамхорона муносибат намоем ва ҳар ваҷаби онро пурсамар истифода намоем. Дар он сурат метавонем соҳиби захираи бузурги маҳсулот шуда, рӯзгорамонро пурра таъмин намоем.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон