«КОРВОНИ ДӮСТӢ». Пагоҳ дар Душанбе мусобиқаи VI байналмилалии автомобилӣ оғоз мегарданд

Апрель 23, 2023 18:53

ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 апрел то 10 май дар қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон Мусобиқаи шашуми байналмилалии автомобилии Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Мусобиқаи VI байналмилалии автомобилӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, ки дар ҷаласаҳои 43-45-уми Шӯро 24 июни соли 2019 дар Братиславаи Словакия, 10 сентябри соли 2020 дар Саратови Русия, 9 декабри соли 2022 дар Москваи Русия қабул шудааст ва тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Шӯро барои соли 2023 гузаронида мешавад.

Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон аз созмондиҳандагони Мусобиқаи шашуми байналмилалии автомобилӣ буда, он бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон гузаронида мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон- аз шаҳри Душанбе оғоз мегардад.Сипас, автомобилҳо дар масири Айнӣ — Панҷакент — марзи Тоҷикистон бо Узбекистон — Самарқанд — Навоӣ — Бухоро — марзи Узбекистон бо Туркманистон — Туркманистон — Мари — Ашқобод — марзи Туркманистон бо Эрон — Машҳад — Тус — Нишопур — Гургон — Сори — Теҳрон — Табриз – марзи Эрон бо Арманистон — Мегри — Капан – Ереван ҳаракат менамоянд. Тӯли умумии мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ тақрибан 4000 километрро ташкил медиҳад.

Дар доираи баргузории мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ панҷ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Самарқанд, Ашқобод, Теҳрон ва Ереван, инчунин ҳамоишҳои байналмилалӣ, ҷаласаю вохӯриҳо бо ҷомеаи роҳсозон дар маҳалҳо дар назар аст. Ин ба омӯзиш ва оммавӣ гардондани кори роҳсозон, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи роҳҳо, пулҳо ва дигар иншоот, беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин тақвияти дӯстию ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардуми Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Арманистон ва дигар мамлакатҳо мусоидат менамояд.

Дар доираи баргузории мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ инчунин муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон, боздид аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла шаҳри бостонии Саразм, ки ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил шудааст ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷолиби диққати давлатҳои иштироккунанда дар назар аст.

Иштирокдорони мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ инчунин бо анъана ва расму оинҳои сокинони мамлакатҳои кад-қади масири «Корвони дӯстӣ» шинос мешаванд.

Дар идома ба иштирокдорони ин мусобиқаи байналмилалӣ ҷом, медал, диплом, шаҳодатномаҳо, инчунин мукофотҳои Шӯрои байналмилалии автомобилӣ, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар идораю созмонҳои ҷамъиятӣ, ки ҳаракати байналмилалии автомобилиро дастгирӣ мекунанд, супорида мешаванд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 23, 2023 18:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад