«КОРВОНИ КИТОБ». Сафари он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба роҳ монда мешавад

Апрель 25, 2023 15:05

ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 24-и «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 тасдиқ гардидааст, сафари «Корвони китоб» ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд»-ро оғоз менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафари «Корвони китоб» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Гулистон, Конибодом, Истиқлол, Панҷакент, Бӯстон, Истаравшан ва ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод, Деваштич, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда мешавад.

Дар ин сафар аз ҳисоби «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 18  ҳазору 962 нусха китоб ба маблағи 142 ҳазору 650 сомонӣ аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон, асарҳои назмиву насрии бадеӣ, илмӣ-оммавӣ, бачагона ба тариқи ройгон ба 20 китобхонаи марказонидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрас карда мешавад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Апрель 25, 2023 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд