Кумакҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони Муъминобод дастрас карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба 119 тарбиятгирандаи Мактаб- интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аз кумаку туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба тарбиятгирандагони ин муассиса расонида шуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳдошти рӯзгору таълими онҳоро дар мадди аввали сиёсати худ қарор дода, барои дар оянда идома додани таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ имконоти дастрас фароҳам сохтааст.
Хамчунин таъкид гардид, ки аз гузашта то ба имрӯз бештари мутахассисони баландпояи Тоҷикистон хатмкардагони маҳз чунин мактаб-интернатҳо мебошанд. Тақдими туҳфаҳо, ки иборат аз сару либос буд, сабаби хушҳолию қаноатмандии кулли тарбиятгирандагон гардид. Онҳо бо ифтихор аз доштани чунин Сарвару давлат худро хушбахттарин фарди ҷомеа мешуморанд ва подоши ин ғамхориҳоро хониши хубу аъло ва содиқ будан ба ин миллату сарзамин медонанд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






