Кумаки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони ноҳияи Мурғоб расонида шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кулл ва нимятими ноҳияи Мурғоб кумаки якдафъаинаи Сарвари давлат расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Кумаки навбатӣ дар намуди маводи ғизоӣ ба 181 нимятим ва барои 13 ятими кулл сару либос дастрас гардид. Ҳамчунин барои ятимони кулл дастархони идона ороста шуд.
Зимни расонидани кумаки навбатӣ таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, аз ҷумла Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ятимон хеле зиёд буда, дар заминаи ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбарияти мамлакат барои ин қишри ҷомеа тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.


Тазаккур дода шуд, ки иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи дастгирии ятимон махсус таъкид гардид ва изҳор дошта шуд, ки дар ҷавоб ба чунин дастгирҳо бояд ҳамеша талош бар он намоем, ки дар ободӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон











Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






