«НАҚШИ ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОР ДАР ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши занони сиёсатмадор дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» -таҳти чунин унвон 19 апрел бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир шуда, дар он намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» иштирок намуда, вобаста ба нақши занон дар таҳкими пойдории оила ва давлат сухан гуфтанд.
«Қабул гардидани қонуни мазкур ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан буда, дар ин самт бояд занон нақши босазо гузоранд. Зеро тамаддуни башарӣ аз домани занон маншаъ мегирад ва инро бояд насли башар донаду эҳтиром созад»,-иброз доштанд иштирокчиёни ҳамоиш.
Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти зани тоҷик таъсири амиқ гузошта, онҳо ҳамчун фарзандони ин сарзамини аҷдодӣ ба раванди таҳким бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъолона ворид гаштанд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ собит гардид, ки занон дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ вазифаи роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд.
Дар идома иштирокчиён дар бораи дарки ҳувияти миллӣ, ҳисси худшиносӣ, муқаддасоти Ватан-Модар, роҳҳои пешгирӣ намудани паҳншавии афкори ифротгароёна, хурофоту таассуб андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Иброз дошта шуд, ки ҳувият миллатро сарҷамъ мекунад. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткорона истифода намуда, фирефтаи таблиғу тарғиби дигарон нашаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






