Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони АвруОсиё иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони АвруОсиё — «Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеияти нав», ки 24 апрел дар шаҳри Екатеринбурги Русия оғоз ёфт, иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар форум намояндагони 79 минтақаи Федератсияи Русия, 108 давлати ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони Фаронса, Олмон, Маҷористон, Чехия, Беларус, Чин, Корея, Ветнам, Ҳиндустон, инчунин 8000 донишҷӯ ва олими ҷавон иштирок кард.
Ҳамзамон дар доираи форум баргузории чорабиниҳо дар 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Намояндагони донишгоҳ дар бахшҳои алоҳидаи форуми мазкур иштирок ва маъруза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар вохӯрии намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, аз ҷумла Русия ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ идома дорад.
Форуми XIII иқтисодии ҷавонони АвруОсиё-«Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеияти нав» 28 апрел анҷом меёбад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






