Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷӣ иштирок намуд

Апрель 19, 2023 09:43

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар нахустин нишасти вазирони масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷӣ «Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар шакли видеоконфронс иштирок намуд, ки ҷаласаи мазкур ба дарёфти имконияти ҳавасмандгардонии ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба равона гардида буд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод.

Гуфта шуд, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории стратегии давлатҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегирад.

Ҷаласаи мазкур ба дарёфти имконияти ҳавасмандгардонии ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар самтҳо равона шуда буд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хосса дода, Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва яке аз сармоягузорони бузургтарин барои бисёре аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар нишасти мазкур вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, тиҷорати рақамии сармоягузорӣ, рушди нақлиёту логистика, сохтмони роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан, бахусус таъсиси корхонаҳои истеҳсоли электромобил дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ», «Технологияҳои рақамӣ», «Неругоҳҳои барқи оби» ва ҷорӣ намудани низоми «Савдои электронӣ» пешниҳодҳои мушаххас манзур шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа намояндагони кишварҳои иштироккунанда омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариши додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои гуфташуда иброз намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2023 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид