Намояндаи Тоҷикистон дар вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамгироии минтақавӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Апрель 3, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30-31 март  бо ташаббуси Бонки Исломии Рушд вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамгироии минтақавӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони воломақоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қирғизистон низ ширкат варзиданд.

Зимни нишаст намояндаи Тоҷикистон иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеаи ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хосса медиҳанд. Ин аст, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ боз ҳам рушд меёбад.

Дар доираи вохӯрии мазкур масъалаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, иқтисоди «сабз», сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика ва муайянсозии равандҳои ҳамгироӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки ин вохӯрӣ барои рушди ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ боз як қадами устувор мебошад. Инчунин дар доираи чорабинии мазкур намояндаи Тоҷикистон бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд (БИР) дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ ва намояндаи Бонки Осиёгии Инфрасохтор ва Сармоягузорӣ (AIIB) Казуҳиро Номото вохӯрии дуҷониба баргузор намуд, ки зимни он вобаста ба лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва бонкҳои номбурда мубодилаи афкор доир шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид