Пагоҳ дар Тоҷикистон ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 7 апрел, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуда, ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин рӯз аз соати 8:00-и субҳ то бегоҳ дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-шаҳри Душанбе аз ҷониби устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ ба сокинони пойтахт хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад.
Чунин хизматрасонии тиббӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир карда шуда, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар амалҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.
Дар ин рӯз устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбату машварати тахассусӣ доир менамоянд.
Шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассиса ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва хизматрасонии ройгони мутахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






