Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мо деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем»
ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрели соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки «тибқи пешгӯии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам мегардад ва шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад».
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар чунин вазъият мо вазифадорем, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа дода, кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо маводи озуқа таъмин намоем.
Пешвои миллат ёдрас намуданд, ки тибқи таҳлилу хулосаи коршиносон ин давраи ҳассос дарозмуддат ва оқибатҳои он пешгӯинашаванда арзёбӣ гардида, барои табиқи ҳадафҳои стратегӣ, таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат танҳо бо саъю талоши ҳарчи бештари ҳар як шаҳрванди мамлакат ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, аз ҷумла обу замин метавонем муваффақ гардем.
Сарвари давлат дар идома изҳор доштанд, ки мо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи имконият ва шароити зарурӣ, пеш аз ҳама, обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






