ПОСДОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТЕМ! Дар шаҳри Норак маросими гусели наваскарон доир гардид
НОРАК, 03.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки роҳбарияти шаҳр, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо, падару модарони даъватшавандагон бахшида ба Рӯзи даъватшаванда маъракаи бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Зимни маросим ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона ба Модар-Ватан барору комёбӣ таманно намуданд. Таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтар мегардад.
Дар маросими гусел падару модарони наваскарон, ҷанговарони башардӯст ва собиқадорони меҳнат сухан гуфта, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва содиқона ҳифз намудани сарзамини аҷдодӣ даъват намуданд.
Ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омадаанд, қаблан бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуданд.
Дар шаҳри Норак ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, хосса насли ояндасози мамлакат пайваста барномаҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешаванд.
Дар ҷамъбасти маросими гусел барои болидаруҳии навдаъватон аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертӣ, иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳод карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






