РОҲИ САФЕД НАВАСКАРОН! Имрӯз тақрибан 400 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд
ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 апрел дар фазои тантанавӣ тақрибан 400 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Ҷавонон бо руҳи болида ва ҳисси ифтихор дар саҳни донишгоҳ ҷамъ омаданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин теъдоди ихтиёриён 2-3 маротиба нисбат ба соли гузашта бештар аст. Дар ин маърака саҳми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода махсус мебошад. Суҳбатҳои алоҳидаву озоди ректори донишгоҳ бо хатмкунандагон боис гардид, ки сафи онҳо ба маротиб имсол афзояд.
Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин теъдоди рақамҳо ниҳоӣ нестанд. Як қисми хатмкунандагон дар даъвати тирамоҳӣ хизмати ватанро адо хоҳанд кард.
Ҳуқуқшинос, журналист, иқтисодчӣ, биолог, дипломат, таърихчӣ, филолог, физик, химик, геолог, математик ва дигар соҳибихтисосҳо, ки имрӯз ба хидмати ҳарбӣ мераванд, аввалин қадамҳои худро дар ҷодаи касбу зиндагӣ мегузоранд.
Таъкид карда шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ва мардонагии ҳар ҷавонмард буда, онро ҳар соҳибватан бо сари баланд ва мардонавор бояд иҷро намояд. Афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлол хизмати содиқонаву арзанда мекунанд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон









Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






