«РОҲ ВА УСУЛҲОИ РАСИДАН БА МУВАФФАҚИЯТИ КАСБӢ». Дар Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Апрель 23, 2023 18:30

ДУШАНБЕ, 23.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида  мешавад, 16 май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Роҳ ва усулҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ байни ҷавонон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории форум фароҳам овардани имконият барои ҷавонони мамлакат дар самти баланд бардоштани донишу малака  буда, онҳо метавонанд тавассути ин форум малакаи касбӣ, технологияҳои рақамии молиявии IT ва стартапҳоро густариш диҳанд.

Форум имкон медиҳад, ки соҳибкорони ҷавон бо тарз ва усули нави ҷаҳони муосир огоҳ шуда, донишу маҳорати худро сайқал диҳанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 23, 2023 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад