«САҲМИ ЗАНОН ДАР МАҚОМОТИ МУДОФИА ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Форуми якуми минтақавӣ доир мешавад

Апрель 25, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони «Саҳми занон дар мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ» Форуми якуми минтақавӣ доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад. 

Дар назар аст, ки иштирокдорони форум масъалаҳои мусоидати давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҷалби занон ҳамчун субъекти фаъоли раванди идоракунӣ ба қабули қарор, зиёд намудани  ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва дар мақомоти салоҳиятдори давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон, баланд бардоштани сифати кумак ба занону духтарони гирифтори зӯроварӣ дар мақомоти салоҳиятдор ва муассисаҳои давлатиро баррасӣ намоянд.

Ҳамзамон рушди ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди баланд бардоштани иқтидори роҳбарии занон, рафъ намудани қолабҳои гендерӣ вобаста ба нақши мардону занон дар ҷомеа ва ташаккули симои занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа низ мавриди корбарӣ қарор мегирад.

 АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 25, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад