«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Гулистон даври шаҳрии ин фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар шаҳри Гулистон бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъ ва ҳунарҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон хабар доданд.
Тазаккур дода шуд, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид.
Ин иқдоми наҷиб имрӯз ба инкишоф ва рушди либоси миллӣ дар сатҳи мамлакат заминаи мусоид гузошт.


Дар асоси Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши гуногуни навъҳои сӯзанидӯзӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои бонувону гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» маҳсули ҳунари хешро ба маъраз гузоштанд.
Дар фарҷом ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятии фестивал роҳхат гирифтанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон











Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






