«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар ноҳияи Ховалинг фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд
ХОВАЛИНГ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар ноҳияи Ховалинг Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» доир карда шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Баҳри иштирок дар фестивал гулдухтарон, чеварон ва ҳунармандони ноҳияи Ховалинг дар боғи Нишону Парчами давлатии ноҳия бо куртаҳои чакан ҷамъ омаданд. Онҳо нахуст дар аксияи «Тоҷикона мепӯшем» иштирок карда, намудҳои гуногуни либосҳои миллиро нишон доданд.
Ҳунармандону чеварон аз маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот намоишгоҳи маҳсулоти чаканро ба маърази дид гузоштанд. Дар нақши чакан зебоиҳо ва манзараҳои табиати диёрамон таҷассум ёфтааст. Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни либосҳои занона, миёнбанд, либосҳои кӯдакона, болишту бардевориҳо бо нақшҳои чакан гузошта шуда буд.
Сокини ноҳияи Ховалинг Садафмо Назарова иброз дошт, ки «чакан ифодакунандаи мероси гаронбаҳо ва бозгӯи таъриху фарҳанги оламшумули миллати тоҷик буда, тасвиру рангҳои он, ки аз ҷониби тарроҳону наққошон рӯи матоъ ба қалам дода мешавад, рамзу маънии зебоипарастию хаёлоти рангини занони тоҷикро ифода менамояд».

Вобаста ба талаботи озмун иштирокчиён дар ҳамаи номинатсияҳо фаъолона иштирок намуданд. Шуруъ аз либоси чакани кӯдакона то чакани қадимӣ намоиш дода шуд, ки нақши ҳар яки он аз ҳамдигар фарқ мекард.
Ба ҳам омадани бонувони чаканпӯш дар ин базмгоҳ, ки дар пероҳану кашидадӯзиҳояшон воқеан сад ранг таҷассум ёфта буд, аз санъати волою ҳунари чакандӯзии занони ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия башорат медод.
Дар ҷамъбасти фестивали «Сад ранги чакан» дар ноҳияи Ховалинг иброз дошта шуд, ки мақсади асосии фестивал намоиши чакан, ҳифз, нигаҳдошту густариши ҳунари волои мардуми тоҷик ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ мебошад. Акнун беҳтаринҳо дар даври вилоятӣ ҳунари худро нишон хоҳанд дод.
АКС: АМИТ «Ховар»










ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






