Шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон аз АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои расмии Тоҷикистон хабару мақола ва маводи гуногунро дар мавзуъҳои муҳими рӯз пешкаши хонандагон кардаанд. Рубрикаи доимии «Шарҳи матбуот» аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ чунин гузориш медиҳад.
Таъсиси маркази ягонаи иттилоотӣ
Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (№68 аз 3 апрел) таҳти сарлавҳаи «Суғд. Идомаи сафари кории Пешвои миллат» оид ба ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», кушода шудани мактаби махсуси варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд, ифтитоҳи ҳавзҳои навбатии парвариши гулмоҳӣ, ба истифода супоридани бинои нави коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва маҷмааи савдо ва хизматрасонӣ, тақдими туҳфаҳои Сарвари давлат ба 100 кӯдаку наврас, шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Темурҷон» гузориши муфассал чоп кардааст. Мавриди тазаккур аст, ки дар ҳар сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат корхонаҳои нави саноативу истеҳсолӣ, иншооту биноҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва маишиву хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин дар сафарҳои корӣ Сарвари давлат бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос шуда, бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои хусусиву давлатӣ баҳогузорӣ карда, ба соҳибкорону деҳқонон дар мавридҳои зарурӣ дастуру ҳидоятҳои шоиста медиҳанд.
Дар ҳамин шумораи нашрияи «Ҷумҳурият» натиҷаи тадқиқоти журналистӣ вобаста ба фаъолияти ширкати «QNet», ки дар шаҳри Турсунзода номашро ба «QI kommersi» иваз карда, дар асл ҳамон кореро, ки ширкати «Ҳафтбурҷ» пеш мебурд, анҷом медиҳад, чоп шудааст. Муаллиф муайян кардааст, ки баъзе ба ном соҳибкорон одамонро бо роҳи ташвиқу тарғиб маҷбур мекунанд, ки маҳсулоти ширкати онҳоро бо арзиши 600 доллари ИМА харид кунанд ва сипас барои баргардонидани маблағи худ дар кӯчаҳои шаҳр одамони навбатиро ба доми ширкат пойбанд кунанд: «Дар коргоҳи «QNet» дар шаҳри Турсунзода китобест бо номи «8 хишт». Барои кормандони ташкилот ин китоб роҳнамо буда, тибқи фармудаҳои он амал мекунанд. Хишти № 4: Даъвати шахсон: «Шумо ҳангоми даъват кардан ҳеҷ гоҳ ба шахси даъватшаванда дар бораи ин тиҷорат иттилоъ надиҳед. Гуфтани бахшҳои кор ё гуфтани номи ширкат як ноқисии калони кор хоҳад шуд. Додани ҳар гуна иттилоот пеш аз ҷаласаи муаррифӣ боиси аз даст додани шахс мешавад. Хишти №6. «Пайгирӣ»: «Пайгирӣ кардан бахши муҳим дар кори мост. Ҳатман дар муддати 24 соат пас аз муаррифӣ ба назди шахсе, ки кор ба ӯ муаррифӣ шудааст, биравед….ва мустақиман дар бораи «QNet» ва «Network Marketing» суҳбат кунед. Фарз кардем, шумо пораи оҳанеро доғ кардед ва 24 соат вақт доред, ки онро шакл диҳед. …Бе пайгирӣ кардан ҳеҷ кадом аз дӯстони шумо вориди кор намешаванд. Шумо вазифа доред, ки ҳамроҳ бо ӯ бошед ва то лаҳзае, ки шахси презентшуда хариди худро (манзур харид аз «QNet» аст) анҷом надодааст, бояд ҳар рӯз ва рӯзе чанд бор ӯро пайгирӣ кунед». Муаллиф навиштааст: «Зангҳои такрорӣ, даъват ба дафтари корӣ ва боз чандин ваъдаю дурӯғпардозии масъулони «QNet» то он дамест, ки «объект» аз ширкат маҳсулот бихарад. Баъди харид ӯ маҷбур аст дар кӯчаю хиёбонҳо рӯз то шом ба «даъват»-у «пайгирӣ»-и дигарон пойбанд гардад».
Дар шумораи навбатӣ «Ҷумҳурият» (№69 аз 5 апрел) мақолаи муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозодаро таҳти сарлавҳаи «Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ» чоп кардааст. Дар оғози мақола муаллиф аз ҳолати роҳҳо дар замони шӯравӣ чунин ёддоварӣ кардааст: «Гарчанде дар замони шӯравӣ роҳҳо бунёд гардида, аз марказ ба минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ нақлиёт ҳаракат мекард, вале онҳо хатарноку ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади мусофирон аз марказ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд тавассути ағбаҳои мушкилгузари Анзобу Шаҳристон ва Хобуработ сурат мегирифт, ки дар фасли зимистон ниҳоят вазнину хатарнок буд. Зимистону баҳор аз марказ ба шимоли мамлакат ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаракат кардан ғайриимкон буд. Ҳатто 5-6 моҳ роҳҳо баста ва аҳолӣ дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор мегирифт ва робитаи марказ бо шаҳру вилоятҳо қатъ мегардид». Воқеан ҳам танҳо бо азму иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 30 соли охир ба маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари ИМА 53 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан таҳия ва амалӣ карда шуд. Дар натиҷа 2558 км роҳ, 237 пул таҷдиду таъмир шуда, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долони зиддитармавӣ, 220 км роҳи оҳан бо 5 пул ва 3 нақб бунёду таҷдид ва 679 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харида шуд.
Ҳамзамон корҳо барои сохтмони роҳи автомобилгарди Лаби Ҷар – Қалъаихумб, таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ, Ховалинг – Сангвор, Балҷувон – Сарихосор, эстакадаи хиёбони С. Шерозӣ бо буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе, сохтмони роҳи оҳани Ҷ. Балхӣ – Панҷи Поён, барқарорсозии пулҳо аз болои дарёҳои Кофарниҳон ва Элок дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Рӯдакӣ, таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Гулистон – Кӯлоб, Хоруғ (мавзеи Барсем) – Қулма ва Хуҷанд – Конибодом идома дорад.
Мақолаи дигаре, ки бо сарлавҳаи «Киберҷиноят» дар ин шумора пешниҳоди хонандагон шудааст, аз зарурати таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ нақл мекунад. Муаллифи мақола М.Мирзоён дар асоси арқому далел аз ҳузури созмонҳои террористӣ дар шабакаи Интернет, пешгирӣ кардани зарар ва хатари гурӯҳу созмонҳои ифротӣ фикру мулоҳизаҳои ҷолиб кардааст.
Қонун дар бораи хариди давлатӣ мавриди амал қарор дода шуд
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» дар шумораи навбатӣ (№48 аз 3 апрел) оид ба сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят гузориши муфассали хадамоти матбуоти Президенти мамлакатро нашр кардааст: «Зимни машварат Сарвари давлат оид ба натиҷаҳои сафари корӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат андешаронӣ карда, вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлилу баррасӣ намуданд». Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва дигаргуниву таҳаввулоти сайёра ба хотири пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна дар назди аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Дар шумораи дигари нашрияи «Садои мардум» (№49 аз 5 апрел) матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хариди давлатӣ, ки истифодаи самарабахш ва сарфакоронаи маблағҳои давлатиро дар заминаи риояи принсипҳои рақобат, муносибати одилона ва шаффофияти расмиёти хариди давлатӣ таъмин мекунад, чоп шудааст. Қонуни мазкур аз 10 боб ва 76 модда иборат буда, аз рӯзи нашр шудан мавриди амал қарор мегирад. Қонуни қаблан қабулшуда «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», ки соли 2006 қабул шуда буд, бо қарори Маҷлиси намояндагон аз эътибор соқит дониста шудааст.
Шаҳри гули лола
Нашрияи «Народная газета» (№15 аз 5 апрел) дар баробари чоп кардани гузоришҳои расмӣ аз ҷараёни сафари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, иштироки Пешвои миллат дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва суханронӣ дар шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин як силсила мақолаву хабарҳо ва маводи ҷолибро пешкаши хонандагон кардааст. Муаллифи мақолаи «Пиряхҳо – сарчашмаи оби ошомиданӣ» дар бораи пиряхи Федченко, ҳудуд ва масоҳати он ва яке аз муъҷизаҳои нотакрори олам будани пиряхи Федченко маълумоти зарурӣ дода, оид ба ташаббуси саривақтии роҳбарияти олии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо фикру мулоҳизаҳои худро барои хонандагон пешниҳод кардааст. Ҳамчунин барои хонандагони нашрия мақолаҳои «Душанбе – шаҳри гули лола», «Зиёиён – симои миллат», «Ситораи раҳнамо» ва дигар хабарҳо пешниҳод шудаанд.
Тифлопедагогика чиро меомӯзад?
Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» мусоҳибаи хабарнигори нашрияро бо ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек пешкаши хонандагон намудааст. Аз мақолаҳои соҳавӣ метавон мақолаи «Тифлопедагогика ва аҳамияти он»-ро мисол овард, ки муаллиф О.Мирзоев дар он оид ба илми дефектология ва қисми он- тифлопедагогика ба хонандагони нашрия маълумот додааст.
Акрами САНГ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»