Табибони тоҷик бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ такмили ихтисос менамоянд

Апрель 20, 2023 09:11

ДУШАНБЕ, 20.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар се моҳи соли равон 5 нафар табибони кардиоревматолог, 4 нафар пулмонолог, 2 нафар гематолог аз курсҳои аввали такмили ихтисос дар дохил ва беруни ҷумҳурӣ гузашта, айни ҳол 6 нафар духтурони неонатолог бо мақсади бозомӯзӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон қарор доранд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, 15 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар семоҳаи аввали соли 2023 баргузор шуд.

Дар ҷаласаи мазкур иброз гардид, ки аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ давоми 6 рӯз ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони соҳаи хизматрасонӣ ба модару кӯдак аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинаталогии Тоҷикистон, муассисаҳои таваллудии шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ, дар маҷмўъ top antibiotic нафар табибони акушер – гинеколог, неонатолог, момодоя ва ҳамшираҳои тиббии навзодон давраи омўзишӣ дар мавзӯи «Нигоҳубини самараноки перинаталӣ» гузаронида шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2023 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд