ТОҶИКИСТОН-ДАВЛАТИ АЗ ВАРАҶА ОЗОД. Ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел -Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа . Шиори он дар соли равон — «Вақти он расидааст, ки ба василаи сармоягузорӣ, технологияву навоварӣ ба нишондиҳандаи баланд дар роҳи мубориза ба вараҷа ноил шавем». Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Хурсандиовар он аст, ки 29 марти соли 2023 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иттилоъ дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 42 давлате шомил гардид, ки бар зидди бемории вараҷа пирӯз шудааст. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламраваш сертификат додааст.
Ба иттилои табибон, вараҷа бемории сироятӣ ба ҳисоб рафта, тавассути хомӯшакҳои хунмаки вараҷаовар паҳн мегардад. Сироят дар ҷисми инсон ба масунияти шадид рӯ ба рӯ мешавад, ки таби баланд, ларзиш ва камхунӣ нишонаҳои он аст. Ҳарорати баланди бадан давра ба давра такрор меёбад. Дар сурати заҳролудшавии босуръати ҷисм эҳтимоли марг аз хунравии луобпардаҳо, варами мағзи сар, варамҳои рӯдаю меъда, ҷигар ва гурдаҳо ба бемор таҳдид мекунад.
Мавриди ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб ҳодисаҳои маҳаллии бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.
Дар робита ба гузаронидани сертификатсияи Тоҷикистон ҳамчун «давлати аз вараҷа озод» аз 17 то 26 октябри соли 2022 Миссияи Бюрои минтақавии Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикистон дидан намуд.
Моҳи октябри соли 2022 ҳайати Комиссияи байналмилалӣ аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ва инчунин марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Дарвоз, Ш. Шоҳин, Ваҳдат ва Восеъ боздид намуд. Ҳайат бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ шинос шуда, ба фаъолияти онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа давоми 10 соли охир баҳо гузошт.
Мавриди ёдоварист, ки Ҳукумати мамлакат барои пешгирии бемории вараҷа якчанд нақша ва барномаи соҳавӣ татбиқ намудааст. Аз ҷумла, дарёфти саривақтии интиқолдиҳандагони бемории вараҷа ба роҳ монда шуда, тамоми озмоишгоҳҳои ташхисии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Савияи дониш ва дараҷаи тахассусии табибону ташхисгарони бахши бемории вараҷа баланд бардошта шуд. Сатҳи маърифти тиббӣ ва дараҷаи огоҳии аҳолӣ оид ба пешгирии бемории вараҷа боло рафт, ки дар иҷрои ин иқдомҳои нек нақши чорабиниҳои тарғиботӣ, нишасту суҳбат ва баромадҳо тариқи воситаҳои ахбори омма хеле назаррас аст. Дар натиҷаи ин ҳама комёбиҳо ба соҳаи тандурустии мамлакат муяссар гардид, ки сирояти вараҷаи маҳаллиро дар ҷумҳурӣ қатъ намояд.
Инчунин барои пешгирии ин беморӣ дар Тоҷикистон «Нақшаи стратегии пешгирии хуруҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» қабул гардидааст, ки дар асоси он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






