Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс 13 варзишгар намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 апрел то 14 май дар шаҳри Тошканди Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон доир мешавад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон
Дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шудааст. Сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгарон Меҳрон Шафиев дар вазни то 48кг, Меҳроб Ҳамидов дар вазни то 51кг, Меҳроҷ Зоидов дар вазни то 54кг, Асрор Воҳидов дар вазни то 57кг, Абубакр Муродзода дар вазни то 60кг, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5кг, Расул Аҳадов дар вазни то 67кг, Довуд Маҳкамов дар вазни то 71кг, Некрӯз Салимов дар вазни то 75кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80кг, Парвиз Каримов дар вазни то 86кг, Давлат Болтаев дар вазни то 92кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг шомил мебошанд.
Хотиррасон мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сафар ноиби президенти федератсия Шаббос Негматуллоев, сармураббӣ Алӣ Бобоҷонов ва мураббиён Хуршед Ҷӯраев, Рустам Музаффаров ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.
Фонди умумии ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардҳо 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллари ИМА дарёфт хоҳанд кард.
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






