Вобаста ба нақши занон дар хизмати давлатӣ барои хизматчиёни давлатии Суди конститутсионӣ омӯзиши идоравӣ доир карда шуд

Апрель 30, 2023 12:03

ДУШАНБЕ, 30.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии барои хизматчиёни давлатии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ  вобаста ба омӯзиши масъалаҳои баробарии гендерӣ ва нақши занон дар хизмати давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз 18 ҳазору 549 хизматчии давлатӣ 4 ҳазору 503 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам такмил дода шуда, марҳила ба марҳила стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.

Вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини иштироки занон дар хизмати давлатӣ, ҳавасмандиҳо дар хизмати давлатӣ, имконияти омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар низоми идоракунии давлатӣ, такмили дониш, қобилият, истеъдод ва малакаҳои касбии занон-хизматчиёни давлатӣ ва ғайра бо рӯнамо дар байни хизматчиёни давлатии Суди конститутсионӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Иброз гардид, ки таъмини баробарии гендерӣ аз оғози соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз масъалаҳои муҳими идоракунӣ дар меҳвари сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтаронро дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани саҳми онҳо дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои  афзоиш додани теъдоди занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2023 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад