«ОИЛАИ СОЛИМ КАФОЛАТИ ФАРДОИ БОСАОДАТ АСТ». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Бохтар ҳамоиш гузаронида шуд

Май 13, 2023 11:36

ДУШАНБЕ, 13.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 май бо ташаббуси кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Оилаи солим кафолати фардои босаодат аст” ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Дар оғози ҳамоиш нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои насли наврасу ҷавони шаҳри Бохтар дидан карда, ба ҳунару истеъдоди ҳунармандони асили даврони соҳибистиқлолӣ баҳои баланд доданд.

Дар маросим бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».  

Оила муҳимтарин ниҳоди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки  дар заминаи муҳаббату вафодорӣ ва эътимоду садоқати  зану мард бунёд гардида, онҳо бо ҳамдигарфаҳмиву боварӣ ба якдигар дар пешбурди зиндагӣ ва амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои муштарак саҳми баробар мегузоранд.  Бо шарофати бунёди оилаи солим инсон дар зиндагӣ хушбахту саодатёр гардида, дар муҳити солиму осоишта фарзандони солеҳро тарбия ва ба воя мерасонад. Маҳз наслҳои хонаводаҳои бофарҳангу маданӣ, ки падару модарони онҳо ба тарбияи фарзанд дар руҳияи арзишҳои муқаддас муваффақ гардидаанд, дар оянда ба халқу меҳани худ хизмати арзанда хоҳанд намуд.

Бо назардошти нақши оила дар рушди ҷомеа ва давлат роҳбарияти мамлакат бунёди оилаву ҷомеаи солимро аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯз дониста, барои ба илму ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон иқдоми муҳим ба роҳ мемонанд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки бо қарори Ассамблеяи генералии СММ аз соли 1994 инҷониб ҳамасола 15 май дар  саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила маҳсуб мешавад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси инсонӣ ба хотири рушди оила таъмини баробарҳуқуқии зану мард ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тадбирҳои муҳиму созандаро амалӣ намудааст.

Бо назардошти равандҳои замони муосир ва тақозои ташаккули ҷомеаи солим ва дар асоси хусусияти оиладории миллии тоҷикон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи “Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардид. Дарвоқеъ, заҳмату талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба яке аз масъалаҳои муҳими  иҷтимоӣ  ва ҳаётии миллат — таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудаанд. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш якчанд оилаҳои намунавӣ  бо туҳфаҳои молиявӣ, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар вазъияти тантанавӣ ба як ҷуфт навхонадорону  ду навзод туҳфаҳои молиявӣ, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва   шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми маросим ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо барномаи рангини идона хотири тамошобинонро шод гардониданд.

АКС: КИ ХХДТ  дар вилояти Хатлон

Май 13, 2023 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад