ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун аз як гектар то 60 тонна пиёз ҷамъоварӣ намуданд

Май 24, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 24.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Ҷайҳун дар майдони 3 ҳазору 800 гектар замин кишти пиёз гузаронида шуд. Бо ба имрӯз дар ноҳия 107 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардида, ба бозорҳои мамлакат ба фурўш бароварда шуд. Ҳамчунин зиёда аз 16 ҳазор тонна пиёз ба Ҷумҳурии Қазоқистон содирот гардидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар ин хусус зимни сафари кории Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун иттилоъ дода шуд.

Зимни боздид маълум гардид, ки қисмате аз хоҷагидорон ҳосили пиёзро ҷамъоварӣ карда, аллакай дар қитъаҳои аз зироат холишуда маккаи дон ва лубиёгиҳо кишт намудаанд.

Ба иттилои масъулини соҳа, имсол заҳмати хоҷагидорон дар самти парвариши пиёз самараи хуб нишон дода, онҳо аз як гектар замин то 60 тонна пиёз ба даст овардаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Нашъунамои картошка ва ғаладонагиҳо низ дар хоҷагиҳои ҳудуди деҳоти мазкур хуб мебошад, ки ин аз меҳнати аҳлонаи кишоварзон дарак медиҳад.

Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир аз хоҷагиҳои деҳқонии «Мустафо 2015», «Худойдод 2013», «ХДФ Баҳодур Толибов» ва дар Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия аз хоҷагии деҳқонии «Ҳасан» дидан намуда, ба кори кишоварзону деҳқонони хоҷагиҳои мазкур баҳои баланд дод.

Давлаталӣ Саид зимни суҳбат аз пирони рўзгордида, деҳқонони номдор ва хоҷагидорон хоҳиш намуд, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳм гузошта, таҷрибаи дар натиҷаи солҳои тулонӣ ба дастовардаашонро ба навкорон дар кишт ва рўёндани ҳосил омўзанд.

«Тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҳар ваҷаб замини корами обиро бояд оқилонаю самаранок истифода бурда, дар кишт ва парвариши тамоми маҳсулоти кишоварзӣ ҳисагузорӣ намуд. Ба ин васила шумо метавонед дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, фаровонии бозорҳо саҳмгузор бошед», -таъкид кард Раиси вилоят.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон 27 апрели соли 2023 чунин изҳор доштанд: «тибқи пешгӯии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам мегардад ва шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад».

«Бинобар ин, мо вазифадорем, ки дар чунин вазъият ба рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа дода, кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо маводи озуқа таъмин намоем»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Роҳбари давлат даъват намуданд, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.

«Барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мо ҳамаи имкониятҳои зарурӣ, пеш аз ҳама, обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем. Аз ҷумла вилояти Хатлон дар ҳавзаи ду дарёи бузург – Вахш ва Панҷ қарор дорад. Вилояти Хатлон вобаста ба шароити мусоиди иқлими худ имконияти зиёди бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин намудани бозори истеъмолиро дорад»,- тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Тибқи иттилои масъулин, бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 1 миллиард сомонӣ идома дорад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 24, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 131 ҳазор тонна сабзӣ ҷамъоварӣ карданд
Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид
Дар соҳили дарёҳои шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Дар Вашингтон имкони роҳандозии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардид
Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд
Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид
Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид