«ҶАҲОНДОНӢ АЗ ЗАБОНДОНИСТ» ВА «АХТАРАКОНИ ҲИСОБДОН». Байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии Душанбе ду озмуни нав доир мешавад

Май 5, 2023 18:54

ДУШАНБЕ, 05.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ду озмуни нав ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла, озмунҳои «Ахтаракони ҳисобдон» ва «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» бо мақсади ташаккули малакаҳои фаъолияти маърифатӣ, омода намудани кӯдакони синни томактабӣ ба таълим дар зинаи аввали таҳсилоти умумӣ, азхудкунии забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русиву англисӣ ва инкишофёбии зеҳни онҳо баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Тавре дар ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, баргузории озмунҳо соли равон ба нақша гирифта шуда, ҳадафи асосии онҳо амалигардонии «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) мебошад.

Инчунин дар ҷаласа ворид намудани тағйиру иловаҳо ба озмуни «Беҳтарин кабинети методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанбе» баррасӣ гардид. Дар он бояд сармураббиён ва мудири кабинети методӣ (муовини директор оид ба таълим), новобаста аз шакли моликият ва тобеият, ки дар муассисаи таълимии мазкур дар вазифаи мудири кабинети методӣ (муовини директор оид ба таълим) на кам аз 3 сол ва зиёда аз он аз рӯи ихтисос фаъолият намуда истодааст, иштирок намояд.

Инчунин дар такмили маҳорати касбӣ ва худомӯзиву худтакмилдиҳии мураббиёну омӯзгорон қонеъ намудани шавқи маърифатӣ, талаботи касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони педагогӣ бояд нақши муайян дошта бошад. Ҳамзамон таҷрибаи иштирокчии озмун бояд дар самти муайян дар сатҳи ноҳия паҳн гардида бошад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 5, 2023 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд