Ҷаласаи нахустини Шӯрои кории (соҳибкорони) Осиёи Марказӣ – Чин баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар доираи нахустин Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ – Чин, ки дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шӯрои кории (соҳибкорони) Осиёи Марказӣ – Чин байни палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кумитаи Чин оид ба мусоидат ба рушди савдои байналмилалӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон пас аз маросими баимзорасонӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои кории (соҳибкорони) Осиёи Марказӣ – Чин бо иштироки ҳамраисони Шӯрои корӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкорони кишварҳои аъзои Шӯро доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони беш аз бист ширкату соҳибкорони ватанӣ бо роҳбарии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода муаррифӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки зимни сафар роҳбарияти Палатаи савдо ва саноат бо мақсади баррасии рушди ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин, баргузории чорабиниҳои дахлдор ва таъмини иштироки доираҳои соҳибкории давлатҳои якдигар дар чорабиниҳои дар қаламрави ҳар ду ҷониб баргузоршаванда якчанд вохӯрӣ ба анҷом расонид.
Аз ҷумла, 21 майи соли 2023 Ҷамшед Ҷумъахонзода бо роҳбари намояндагии Палатаи байналмилалии савдои Роҳи Абрешим дар Шанхай хонум Тиан Ксиаохонг ва 22 май бо Президенти Кумитаи мусоидат ба рушди савдои байналмилалии музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Ма Юҳонг вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои гуфташуда ибрози андеша намуда, ҷиҳати мусоидат ба иқдоми мазкур ҳавасмандӣ изҳор намуданд.
Дар доираи сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дидан намуда, бо имконияти саноатии онҳо аз наздик шинос шуд.
АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






