Ба қабули Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ 10 сол пур мешавад
ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Осиё ба шумор меравад. Ин муносибатҳо бо ирода ва талошҳои ду ҷониб то ба сатҳи шарокати стратегӣ расида, заминаи мусоидро барои тавсеаи рӯзафзуни ҳамкории гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ фароҳам овардаанд. Чунин нигоштааст Сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҳомид Шарифзода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.
Дар зер мақолаи коршиносро, ки низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба риштаи таҳқиқ кашидааст, пешкаши хонандагон мегардонем.
— Соли 2013 дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии мардумии Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нав оғоз гардид. Зеро дар ин марҳалаи таърихӣ дар ҳамкории давлатҳо рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсоз ба омал омад, ки ба сатҳи муносибатҳои ду ҷониб сифати нав бахшид. Маҳз баъди ба сари қудрат омадани «насли панҷуми роҳбарони Чин» ва интихоб гардидани Си Ҷинпин ба сифати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин (14 марти соли 2013) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, ҷиҳати анҷоми сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин даъватро қабул намуданд. Дар ин замина 20 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Чин сафар намуданд. Дар рафти ин сафар «Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ» ба имзо расид.
Дар доираи эъломияи муштарак таъкид гардид, ки «шарикии стратегӣ, ки ба таъмини амнияти муштарак, эҳтироми мутақобила, баробарӣ, эътимод, муқовимат ба хатару чолишҳои ҷаҳонӣ, таҳкими суботи минтақавӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстӣ, ҷиҳати рушди дарозмуддат ва ҳамаҷонибаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор мегузорад, нигаронида шудааст».
Зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пекин Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо ишора ба заминаи мустаҳками қарордодию ҳуқуқӣ ва ҳусни боварию эътимоди дуҷониба мавқеи давлатҳои худро дар муносибат ба ҳамдигар изҳор намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти тағйирнопазир дошта, муносиботи ҳасанаи ду давлати ҳамсоя ба наздикии мавқеъҳо доир ба ҳамаи масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мувофиқати устувори қавлу амали Чин дар рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон такя мекунад».
Инчунин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин таъкид намуд, ки «Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими асосҳои истиқлоли давлатии ин давлати дӯсту ҳамсоя дастгирӣ хоҳад кард».
Бояд таъкид намуд, ки таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳимтарин шарти пешбурди дипломатия дар замони муосир ва самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Агар оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар қаринаи шарикии стратегӣ суҳбат намоем, бояд иброз дорем, ки анҷоми сафарҳои роҳбарони олии давлатҳо дар соли 2013, дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, чӣ дар шакли ҳузурӣ ва чӣ маҷозии анҷомшуда дар солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 бевосита ба таҳкими муносибати ду ҷониб таъсири бузург расонид.
Муҳимияти ин марҳала дар он аст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳолати бисёр мураккаби геополитикӣ қарор гирифта, давлатҳои минтақа ва атрофи он ва ё дар маҷмуъ, тамоми башарият ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале маҳз бо ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд ва иҷрои уҳдадориҳои байнидавлатӣ ва байналхалқӣ онро паси сар намуданд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳо ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамшарикӣ дар доираи сохторҳои байналхалқӣ буд. Дар қаринаи шарикии стратегӣ баргузор гардидани се нишаст дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), аз ҷумла баргузории вохӯрии нуздаҳуми сарони давлатҳои СҲШ, 11-12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ва Саммити бисту сеюми созмони мазкур 9-10 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Чин, инчунин саммити бистушашуми Созмон 16—17 сентябри 2021, ки ҷаласаи ҷашнии 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳисоб мерафт ва дар натиҷаи он бастаи калони санадҳо дар маҷмуъ иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид, бозгӯи ҳамкории босамари ду давлат дар доираи СҲШ ба шумор мераванд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид, ки зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кооператсияи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ, ки ин раванд дар ҳамкории иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ тадриҷан ва бо суръати номутаносиб пеш меравад, дар ин радиф ташаббуси Раиси ҶМЧ Cи Ҷинпин дар бораи ташаккули минтақаи иқтисодӣ қад – қадди роҳи абрешим ҳамаҷониба дастгирӣ шуд.
Ҳамкории муштарак бар зидди «се бадӣ» – терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо ва дигар масоили ба мақсад мувофиқ қайд карда шуд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар Қасри Миллат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин маросими пардабардорӣ аз лоиҳаи биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон доир шуд.
Бояд иброз намуд, ки сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати ҶТ дар чаҳорчӯби ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Чин дар заминаи кумакҳои беғаразонаи молии ин кишвари дӯсту ҳамсоя ба маблағи 1,5 миллиард юани чинӣ амалӣ мешавад. Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳо баргузор гардид, ки дар он бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санад ва дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин боз 5 санади тиҷоратӣ, дар маҷмуъ 18 ҳуҷҷати нав ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо -Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъмиқи бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ба шумор меравад.
Дар самти ҳамкории бисёрҷониба Тоҷикистон ҳамеша ташаббусҳои Чинро дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Чин, ки ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида шуда буд ва дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти суханронӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориро дар қолаби механизми «Осиёи Марказӣ-Чин», аз ҷумла андешидани тадбирҳои иловагӣ бо мақсади тавсеаи савдои байниҳамдигарӣ ва афзоиши ҳаҷми табодули мол, ҳамчунин фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалби фаъоли сармоя ба татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» созгор ба манфиатҳои ҷонибҳо арзёбӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории фаъоли ҷонибҳо дар соҳаҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии оқибатҳои он ба иқтисоди кишварҳои минтақа муҳим буда, тавсеаи ҳамкориро дар соҳаи амният бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак таъкид намуданд. Зиёда аз ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муқовимат дар баробари терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва ҳамзамон ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз вазифаҳои аввалиндараҷа таъкид намуданд.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки баргузории Нишасти навбатии Чин- Осиёи Марказӣ, ки 18-19 майи соли 2023 дар шаҳри Сиани музофоти Шэнси дар назар аст ва дар кори он сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд, ба таҳкими ҳамкории Чин бо давлатҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мусоидати амиқ хоҳад намуд.
Равобити тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамасола густариш меёбад. Дар ин замина табодули мол байни Тоҷикистон ва Чин аз ибтидои солҳои навадум рушд ёфта, аз $2,75 млн дар соли 1992 то ба $600 млн дар соли 2019 баробар гардид.
Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси давлатҳо қарор дорад, ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг ва маориф ба ҳисоб меравад. Ҳоло талабот нисбат ба омӯзиши забони чинӣ сол то сол меафзояд: агар дар давраи солҳои 1994-2004 дар Чин 199 нафар аз Тоҷикистон таълими забонӣ мегирифт, пас ин нишондиҳанда дар давраи то соли 2020 зиёда аз 978 донишҷӯро ташкил менамуд. Дар ин замина ҳоло дар Тоҷикистон 2- ададӣ марказҳои Конфутсий дар заминаи донишгоҳҳои давлатӣ фаъолият менамоянд.
Аз соли 2009 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази Конфутсий фаъолият менамояд, ки дар зарфи 10 сол зиёда аз 10 ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шуд. Фаъолияти Чин бо пойтахти Тоҷикистон маҳдуд нагардида, 21 августи соли 2015 дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд маркази Конфутсий кушода шуд. Аз замони кушода шудани Институт дар соли 2009 то соли 2020 дар доираи барномаҳои гуногуни маркази таълимӣ зиёда аз 6000 дарси забони чинӣ барои шунавандагони тоҷик баргузор гардид. Шумораи нафароне, ки соҳиби идрорпулӣ гардиданд, ба 200 нафар расида, аз онҳо 40 донишҷӯи бакалавр, 70 аспирант ва 100 шунаванда барои таҳсили яксола ба донишкада ва донишгоҳҳои Чин равона гардид.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар қаринаи шарикии стратегӣ дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба ба сатҳу сифати нав расида, новобаста аз вазъи буҳронии як давраи муайян давлатҳо тавонистанд рушди муназзам ва устувори худро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъмин намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»